Аз 28-уми июл то 9-август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон 44-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот баргузор гардид.
Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, 800 варзишгар дар ҳайати 188 тими мардон ва 162 тими бонувон ширкат варзиданд. Кишвари моро миёни мардон — Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддини Илҳом намояндагӣ карданд.
Миёни бонувон бошад Тоҷикистонро — Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Мутриба Ҳотамӣ, Лидия Антонова муаррифгар буданд.
Олимпиадаи шоҳмот дар 11-давр баргузор гардида, миёни дастаҳои мардона тими Ӯзбекистон ҷойи аввал, Араманистон ҷойи дуюм ва Ҳиндустон ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ бар тимҳои Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия (4:0), Қазоқистон (2,5:1,5), Суринам (4:0), Ҳаитӣ (4:0), Эстония (2,5:1,5) ғалаба карда, бо дастаҳои Сингапур (2:2), Ирландия (2:2), мусовӣ бозӣ карда, аз тимҳои Словакия (1,5:3,5), Белгия (1,5:2,5), Андора (1,5:3,5) ва Чилӣ (1,5:2,5) мағлуб гардид. Дар натиҷа бо 12 хол шатранҷбозони тоҷик ҷои 67-умро ишғол намуданд.
Мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар тимҳои Арабистони Саудӣ (4:0), Барбадос (4:0), Суринам (4:0), Тайпейи Чин (4:0) пирӯз шуда, бо Исландия (2:2), Нигерия (2:2), Боливия (2:2) мусовӣ бозӣ кард, вале аз тимҳои Ҳиндустон (0:4), Қирғизистон (0:4), Ирландия (0:4) ва Дания (1,5:2,5) мағлуб шуда, бо касби 11 хол ҷои 78-умро ишғол кард. Миёни бонувон Украина ғолиб, Гурҷистон дуюм, Ҳиндустон сеюм шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Надежда Антонова аз 10 бозии иштирок кардааш 8 имтиёз ба даст оварда, меъёри “Устоди дараҷаи байналмилалии занона” (WIM)-ро соҳиб шуд. Ҷалолиддин Илҳомии 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола аз 9 бозии иштирок доштаашон 6-имтиёзӣ ба даст оварда, соҳиби унвони “Устоди FIDE” (FM) гардиданд.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”