Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ аз минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дидан намудааст.
Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дода, менависад, ки зимни шиносоӣ бо фаъолияти минтақаи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. оид ба тақвияти ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори минтақа ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ба роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.