Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 4 то 8-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.