ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ ТАМОМИЯТИ АРЗИИ ЧИН МЕБОШАД. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ вобаста ба «масъалаи Тайван»

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

«Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем», — омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.