Аввалин маротиба дар Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад

Бори аввал аз 11-ум то 15-уми август дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқа бадминтонбозон аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон барои зинаҳои ифтихорӣ рақобат мекунанд.

Макони баргузории мусобиқа – “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”. То оғози мусобиқа 7-рӯзи дигар боқӣ мондааст.