Дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2022- юм шумораи камтарини довталабони номнависшуда, чун дар ИМД – и солҳои пеш, ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки 50%-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 15,69% камтар аст.
Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Парвина Самандарзода аз нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, шумораи довталабон дар гурӯҳи ихтисосҳои 2- юм (иқтисод ва география) низ нисбат ба солҳои 2020-2021 камтар гардидааст.
Ба иттилои манбаъ аз ҳама бештар чун солҳои қаблӣ довталабон бештар гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) интихоб намудаанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки нисбат ба соли гузашта имсол ҳиссаи духтарони азқайдгузашта 1,81% зиёд буда, аз шумораи умумии довталабон, 38593 нафарашон духтарон ва 44125 нафарашон писаронро ташкил мекунад.