Варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштӣ мақоми намоёнро ишғол намуд

Варзишкори тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштӣ миёни наврасони то 17-сола, ки рӯзҳои 25-31 июл дар шаҳри Рими Италия баргузор шуд, дар гуштии тарзи озод мақоми панҷумро касб намуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок карданд.

Абдуллоев дар ҳаштякфинал бар варзишгари Швейтсария Ноаҳ Счваллер пирӯз шуда, дар чорякфинал намояндаи Арманистон Папин Ҳунанянро шикаст дод. Аммо дар нимфинал аз варзишгари Эрон Ризо Сулаймониён ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари ИМА Закари Ридер мағлуб гардид.

Қобили зикр аст, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола дар Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев сазовори медали нуқра шуда буд.