Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 62540 истифодабарандагони об дар майдони 548561 гектар шартномаи доду гирифти обро ба имзо расонида, тибқи дархост ва талабот кишоварзонро ба миқдори 2073 млн.м3 мутаносибан нисбат ба соли гузашта 68,7 млн.м3 зиёд бо оби полезӣ таъмин намудаанд.
Аз ҷониби истифодабарандагони об ба маблағи 28,5 млн.сомонӣ (72% ҳаққи хизматрасонии об) пардохт карда шудааст ва бақияи қарз ба ҳолати 1 июли соли 2022 168,28 млн сомониро ташкил менамояд. Бо мақсади рўёнидани маблаи қарз ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 28,4 млн сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои давлатӣ пешниҳод гардида, ба фоидаи идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо воситаи ҳалномаҳои судӣ 9 млн.сомонӣ рўёнида шудааст. Сари вақт пардохт нашудани ҳаққи истифодаи об барои дар мӯҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби полезӣ мушкил мегардад. Новобаста ба ин бо кўмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маблаҳои ҷудошуда шабакаҳои обёрӣ дар мавсими навбатии обёрии 2022 омода ҳастанд.
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни посух ба суолҳои хабарнигорон таъкид дошт, ки: «Дар ҷумҳурӣ 291,3 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда тавассути 393 адад пойгоҳҳои обкашии иборат аз 1516 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 624,67 км қубурҳои баландфишор ва 505 адад чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешаванд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”