Сулаймон Давлатзода ҷорӣ кардани шартнома миёни зану шавҳарро як омили пешгирикунанда аз пошхӯрии оилаҳо донист

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода қонунан байни зану шавҳар муқаррароти нав ҷорӣ кардан метавонад як роҳи пешгирии вайроншавии оилаҳо бошад.

“Пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳо на танҳо вазифаи Кумитаи дин, балки вазифаи дигар мақомоти дахлдор низ мебошад. Барои пеши роҳи пошхӯрии оилаҳоро гирифтан бархӯрди касбӣ ва ё профессионалие лозим аст, ки тавонад уҳдадориҳои ҳарду ҷонибро зиёд гардонад” – гуфт раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО.

Инчунин номбурда зикр кард, ки агар як навъ шартнома ба шакли зарурӣ байни зану шавҳар ҷорӣ шавад, ки дар сурати носоз омадану дигар омилҳои пошхӯрии оила аз ҷониби шавҳар  маблағи муайян барои зарари маънавӣ дидани зан пардохта шавад, муассир хоҳад буд.  

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар робита ба масъалаи хонаводагӣ тавассути имомхатибон дар вақти хутбаи намози ҷумъа ба аҳолӣ фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад ва дар ин самт бо дигар ниҳодҳо низ кумита ҳамкориҳояшро ба роҳ мондааст. Вале раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода махсус таъкид намуд, ки масъалаи парокандашавии  оилаҳо масъалае нест, ки ба хутбаҳои ироашуда ҳалли худро ёбад.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон