Рӯзҳои 20-21 июл дар шаҳри Бангкоки кишвари Тайланд мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё, Asian Junior Championships-2022 оид ба гуштини тарзи ҷудо миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро се варзишгар – Суруш Эркаев (-60кг), Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81кг) намояндагӣ карданд. Мутаассифона дар ин мусобиқа ба ҷудочиёни тоҷик, ба даст овардани медал имкон нагардид ва мусобиқаи Asian Junior Championships-2022 барои паҳлавони тоҷик бенатиҷа хотима ёфт.
Дар вазни то (-60кг) Суруш Эркаев дар даври аввал бар ҷудокори Арабистони Саудӣ Алҳасан Суғайир бо ду “ваза-арӣ” пирӯзӣ ба даст овард.
Дар рақобати 1/4 финал Эркаев варзишгари мизбон – Кититҳон Фуйнойро дар 15-сония бо усули буғӣ кардан ноком кард ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Мутаассифона, ҷудокори ҷавони тоҷик дар рақобати нимниҳоӣ аз варзишгари Қазоқистон – Нурканат Серикбаев ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз ҷудочии муғул – Медсайхан Нямсурен шикаст хӯрд ва имкони ба даст овардани медалро аз даст дод.
Сунатулло Лоиқов дар вазни то (-81кг) дар нахустин рақобаташ, ҷудочии Тейпейи Чин Сан Ли Вейро бо касби як “ваза-арӣ” шикаст дод, лекин дар даври 1/4 ниҳоӣ аз варзишгари Қирғизистон – Алмазжан уулу Тегин мағлуб шуд.
Дар даври тассалобахш Лоиқов бар ҷудочии Арабистони Саудӣ – Алҳаҷри Муҳаммад бо усули “осаекомӣ” ғалаба кард ова ба рақобат барои нишони биринҷӣ роҳ ёфт.
Дар нерӯсанҷии тақдирсоз барои ба даст овардани медали биринҷӣ Сунатулло аз Максим Мейрлани қазоқ ноком шуд ва мусобиқаро барои худ бидуни медал ба анҷом расонид.
Ҷудочии дигари тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар ин вазн (-81кг), дар рақобати аввалаш варзишгари ҳинду – Парвендер Парвендеро бо “иппон” шикаст дод ва ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт.
Муҳаммад дар рақобати 1/4 ниҳоӣ аз ҷудокори Кореяи Ҷанубӣ – Парк Юн Ҳюн бо дарёфти се огоҳӣ (шидо) мағлуб шуд.
Дар даври аввали тассалобахш Абдуҷалилов бар варзишгари Қувайт Албарак Халед дастболо гардид, вале дар рақобати дуюми тассалобахш аз Тумурсана Ренчиндорҷ аз кишвари Муғулистон шикаст хурд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гашт.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”