Дар ҳудуди ноҳияи Сино 207 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамояд. Дар ин бора Нусратулло Салимзода, раиси ин ноҳия дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гузориши ӯ, дар ин корхонаҳо истеҳсоли 73 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
“Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби корхонаҳои мазкур дар маҷмӯъ ба маблағи 641,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151,1 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 126,6 фоизро ташкил медиҳад”, – афзуд раиси ноҳияи Сино.