Давоми як моҳ мешавад, ки “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Панҷакент ба қабул ва табобати маризон машғул мебошад. То кунун дар ҷараёни ин маъракаи саломатӣ аз ҷониби табибон зиёда аз 2000 бемор қабул гардида, ба беш аз 4000 муроҷиаткунанда машваратҳои тиббӣ дода шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Ба итттилои манбаъ “Корвони саломатӣ”-и мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Норвегиягӣ ва фонди хайриявии “Шоҳ Абдулло” ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо шароити “Корвони саломатӣ” шинос шуда, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент омодааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи саломатии мазкур кӯмаки хешро расонад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар инҷо 6 духтури ботаҷриба ба маризон бо истифода аз техникаву техналогияи замонавии тиббӣ хизмат мерасонанд. Ҳамчунин дар “Корвони саломатӣ” имкони анҷоми ҷарроҳии хурд низ вуҷуд дошта, ба касоне, ки ниёз доранд, пешниҳод мегардад.
Дар “Корвони тиббӣ” тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон буда, он то охири тобистони соли ҷорӣ фаъолият хоҳад кард.