Варзишгари маъруфи тоҷик, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, инчунин иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев, дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуд, медали биринҷиро ба даст овард.
Мусобиқа рӯзи 30-юми июн оғоз гардида, то 5-уми июл идома меёбад. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 10-кишвари ҷаҳон иштирок намуда истодаанд.
Варзишгари тоҷик Шаббос Негматуллоев дар ин мусобиқа дар вазни -80кг ҳунарнамоӣ кард. Шаббос дар рақобати аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар 1/4 финал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб намуд, лекин дар нимфинал аз Танглатиан Аербекеи чинӣ ноком гардида, ҷои сеюм ва медали биринҷиро соҳиб шуд.