Олимони тоҷик аъзои Академияи байналмилалии Русия шуданд

Се нафар олими тоҷик — Самариддин Афғонов, Ҷумъахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи байналмилалии илмҳои таҳсилоти олии Русия шуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” дар такя ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, онҳо ба туфайли комёбиҳои бунёдӣ дар соҳаи илму маориф ҳамчун мутахассисони барҷастаи соҳаи худ эътироф карда шудаанд.

Қарор дар бораи узвият дар ҷаласаи шуъбаи тоҷикистонии Академияи байналмилалии Федератсияи Русия дар ҷараёни овоздиҳии пӯшида гирифта шуд.

Маълум аст, ки доктори илмҳои педагогӣ, профессор Самариддин Афғонов дар Донишгоҳи Калифорнияи ИМА низ ба ҳайси профессор кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 15 монография мебошад.

Ҷумъахон Файзализода – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, инчунин муаллифи 15 монография ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад.

Профессор Абулхай Комилӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав дарс мегӯяд. Зиёда аз 64 китоб, дастурамал ва воситаҳои таълим навишта, муаллифи 360 мақолаи илмӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки Академияи байналмилалии илмҳои таҳсилоти олӣ дар Русия соли 1992 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар Маскав ҷойгир аст. Ҳоло дар он беш аз 1,2 ҳазор нафар олимони намоёни дараҷаи ҷаҳонӣ аз 45 мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон, гирд оварда шудаанд.