Тими занонаи Тоҷикистон дар мусобиқаи Chempionship CAFA-2022 дар Душанбе иштирок мекунад

Тими занонаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 8-ум то 20-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар нахустин чемпионати CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон панҷ даста ширкат мекунанд. Барои тими миллии Туркманистон ин нахустин мусобиқа, таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пас аз пандемия хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона 10-бозӣ доир карда мешавад. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Тибқи низомнома, чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои занона:

Даври-1-ум
Рӯзи 8-июл (ҷумъа)
Соати 19:00 Қирғизистон — Эрон
Соатм 22-00 Туркманистон — Тоҷикистон

Даври 2-юм
Рӯзи 11-июл (душанбе)
Соати 19:00 Туркманистон — Қирғизистон
Соати 22-00 Тоҷикистон — Ӯзбекистон

Даври 3-юм
Рӯзи 14-июл (панҷшанбе)
Соати 19:00 Ӯзбекистон — Туркманистон
Соати 22:00 Эрон — Тоҷикистон

Даври 4-ум
Рӯзи 17-июл (якшанбе)
Соати 19:00 Эрон — Туркманистон
Соати 22:00 Қиргизистон — Ӯзбекистон

Даври 5-ум
Рӯзи 20-июл (чоршанбе)
Соати 19:00 Ӯзбекистон — Эрон
Соати 22-00 Тоҷикистон — Қирғизистон