Баррасии тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон, роҳбари минтақавии лоиҳа Михаил Бек, ҳамоҳангсози минтақавӣ Аня Хойер ва намояндаи Фонд дар Тоҷикистон Инна Мазур раванди татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон»-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар кардани дастрасии молиявӣ ба аҳолии деҳот, соҳибкории хурду миёна ба хизматрасониҳои молиявӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва маърифати соҳибкорӣ мебошад.

Ҳоким Холиқзода аз сатҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамари Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар самти такмили ихтисоси кормандони бонкҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва мусоидат дар беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар самти барои низоми бонкӣ муҳим — беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои густариши муносибот дар самти баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи низоми бонкӣ тавассути табодули таҷриба бо мутахассисони соҳаи бонкии Олмон ва ба ин васила мусоидат дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ изҳори омодагӣ намуданд.