Шурӯъ аз 13-уми июн парвозҳои мустқими ҳавоӣ миёни Теҳрону Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Ба нақли хабаргузории “Ирно” аз қавли вазири роҳу шаҳрсозии Эрон Рустам Қосимӣ, бар асоси тавофуқи ҳосилшуда дар сафари Президенти Тоҷикистон ба Теҳрон рӯзи 13-уми июн парвозҳои мустақими ду кишвар оғоз мешаванд, ки ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад.
Ба гуфтаи Қосимӣ, мувофиқи тавофуқ теъдоди парвозҳо оҳиста-оҳиста то чаҳор парвоз дар як ҳафта бояд расонда шавад.
Гуфта мешавад, парвозҳоро дар ин хатсайр ширкати “Iran air” анҷом медиҳад.