Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Дар маросими баҳрабардории бинои донишкада муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷӣ Шумин ва дигар масъулин иштирок карданд.
Зикр мегардад, бинои Донишкадаи Конфутсий бо сармоягузории Донишгоҳи педагогии Шинҷони Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, бинои донишкадаи Конфутсий иборат аз осорхона, синфхонаи фарҳангӣ, китобхона, синфхонаи лингофонӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 ҳамчун Маркази Конфутсий ташкил шуда, баъдан мақоми он ба донишкада табдил шудааст.
Ин донишкада то моҳи майи имсол беш аз 600 бурсия (грант) барои донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон барои таҳсил дар Чин ҷудо кардааст.