Имрӯз дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон мизи мудаввар зери унвони “Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар фаъолияти абонементи байникитобхонавӣ дар ҶТ: вазъ ва дурнамо” доир гардид, ки дар он намояндагони китобхонаҳои ҶТ, воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Гадобек Маҳмудов муовини директори КМТ оғоз гардида, мавсуф зикр кард, ки дар фаъолияти абонементи байни китобхонавӣ истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ зарур мебошад. Зеро китобхонаҳо ҳамчун муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва маркази иттилоотӣ дар иттилоотонии ҷомеа нақши калидиро мебозанд ва ҷиҳати пешравии фаъолияти иттилоотии худ роҳандозии равандҳои инноватсиониро муҳим арзёбӣ мекунанд. Фаъолияти инноватсионӣ – ин яке аз самтҳои пешбарандаи китобхона мебошад. Раванди мазкур агарчи муосир ҳам бошад, вале таърихи бой дорад. Аммо дар кишвари мо абонементи байни китобхонавӣ каме рушд наёфт.
Гадобек Маҳмудов муовини директори КМТ ҳамчунин изҳори хушнудӣ кард, ки бо ба ҳам омадани кишварҳои муштаракулманофеъ истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ абонементи байни китобхонавӣ то як андоза рушд намуд. Дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар даврони истиқлол татбиқи равандҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шуд.
Шарифҷон Комилзода номзади илмҳои филологӣ, дотсент зимни суханронӣ гуфт, ки ҳанӯз ҳам дар кишвар низоми истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар абонементи байни китобхонавӣ ба таври бояду шояд рушд накардааст. Инчунин гуфта шуд, ки татбиқи равандҳои инноватсионӣ на танҳо дар КМТ, балки дар кулли китобхонаҳои кишвар новобаста аз навъи онҳо ногузир аст. Танҳо аз нав бо роҳу усулҳои ҷадид ба роҳ мондани тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ имконият медиҳад, ки китобхонаҳо имрўз ва дар оянда аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои иҷтимоии дар наздашон буда, бароянд.
Дар охир гуфта шуд, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва мувофиқ намудани самтҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо ба талабот ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ, бояд дар баробари таъмин намудани китобхонаҳо бо технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии китобдорон, тибқи барномаҳои дар соҳаи китобдорӣ татбиқшуда ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, мувофиқу созгор намудани ҳамаи самтҳои фаъолияти китобхонаҳо ба низоми нави худкори равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ва дигар масъалаҳо ҳаллу фасл карда шаванд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”