Рӯҳафзо Ҳақназарова аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд

Муштзанбонуи тоҷик Рӯҳафзо Ҳақназарова дар рақобати дуюмаш дар даври 1/8 финали мусобиқаи бокси чемпионати ҷаҳон ноком гардид.

Рӯҳафзо дар вазни то 50 кг баъди як пирӯзӣ дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ аз муштзани Колумбия Виктория Валенсия шикаст хӯрд. Ҳақназарова аз Виктория бо натиҷаи 5:0 ноком гардида, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд. Ҳамин тариқ чемпионати ҷаҳон оид ба бокс барои Руҳафзо Ҳақназарова ба охир расид.

Бояд зикр намоем, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чор варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ намуданд. Аз миёни чор муштзан танҳо ба Шоира Зулқайнарова ба марҳилаи 1/4 финал роҳ ёфтан муяссар гардид.

Чемпионати ҷаҳон аз 6 то 21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия сурат гирифта, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон иштирок намуда истодаанд.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”