Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар як нишаст, ки бо иштироки намояндагони ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ ва кормандони соҳаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ба масъулин барои ҳалли мушкилоти вобаста ба вазъи воқеӣ ва мушкилоти фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар кишвар супоришҳои мушаххас дод.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар хабар дод, дар нишаст вазири нақлиёти кишвар дар бораи фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ, мушкилот дар самти истифодаи рухсатномаҳо аз ҷониби ширкатҳо, монеаҳои кор дар ҷамъият ширкатҳои нақлиётии дар самти байналмилалӣ ва ширкатҳои дар дохили кишвар фаъолияткунанда, варақаҳои борхату роҳхат, рақамикунонии соҳа ва дигар масоили марбута изҳори назар кард.
“Ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод”, – таъкид кардаааст дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар.
Ҳамчунин Азим Иброҳим аз масъулин даъват кард, ки барои пешравии кор сабабҳои сар задани нуқсонҳои кор ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта фикрҳояшонро баён намоянд.
Ширкаткунандагон дар масоили нарху навои роҳхату борхат, ба роҳ мондани рақамкунонии соҳа, дастраскунии рухсатномаҳо, масъалаи баркашӣ ва сертификатсиякунонии соҳа пурсишу дархостҳо ба миён гузошта шуда, аз вазири нақлиёт посухҳои мушаххас гирифтанд.