Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як мақомдори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми пора гирифтан ба маблағи 12 ҳазору 700 сомонӣ хабар дод.
Манбаъ гуфт, Ҳ.М. дар вазифаи котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, дар давраи фаъолияти корияш аз ваколати мансабӣ суиистифода намудааст.
Гуфта мешавад, номбурда барои омода намудани садани интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хидматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат 12 ҳазору 700 сомонӣ пора талаб карда гирифтааст.
Вобаста ба ин қазия алайҳи муттаҳам бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом собиқ мақомдори ниҳоди идораи замин аз 58 ҳазору 368 сомонӣ то 93 ҳазору 440 сомонӣ ҷарима ва ё аз 5 то 8 сол зиндон равонаи зиндон мегардад.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Боздошти котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳолест, ки ин ниҳод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро боздошт карда буд.
Агентӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.