Муштзанбонуи маъруфи тоҷик, Шоира Зулқайнарова дар рақобати дуюмаш дар чемпионати ҷаҳон пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври 1/4 финал роҳ ёфт.
Шоира дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, бо муштзани Кореяи Ҷанубӣ Чеонг Хи Дун рақобат намуд. Зулқайнарова дар ин рақобат Чеонг Хи Дунро бо натиҷаи 3:0 мағлуб намуда, ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт. Шоира дар марҳилаи 1/4 финал фардо ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Бояд қайд намоем, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз чор варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) муарифӣ намуданд. Аз миёни чор муштзан танҳо ба Шоира Зулқайнарова ба марҳилаи 1/4 финал баромадан муяссар гардид.
Бояд қайд намоем, ки чемпионати ҷаҳон аз 6-ум то 21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардида, дар ин мусобиқа 419-варзишгар аз 93-кишвари ҷаҳон иштирок намуда истодаанд.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”