Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот намуд.
Ба гузориши дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои тавсеа ва густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, ҳамчунин зарурати барқарор кардани вохӯриву тамосҳо дар сиғаи ҳузурӣ мубодилаи афкор карданд.