Кумитаи ҳавонавардии шаҳрвандии Қазоқистон хабар додааст, ки теъдоди хатсайрҳои ҳавоии мунтазами мусофирбар байни Қазоқистон ва Тоҷикистон зиёд мегардад. Дар ин бора хабаргузории «Азия-Плюс» гузориш дод.
Манбаъ гуфт, шӯрӯъ аз 25-уми апрел ширкати ҳавопаймоии “Somon Air”-и Тоҷикистон зиёд кардани шумори хатсайрҳоро аз Душанбе ба Алмато аз 1 то 2 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи Боинг-737 дар назар гирифтааст.
Гуфта мешавад, ширкати “Эйр Астана”-и Қазоқистон аз 1 май зиёд кардани хатсайрҳоро байни Душанбе ва Алмаато аз 1 то 3 парвоз дар як ҳафта ва аз 1 июн – аз 3 то 4 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи А320 пешбинӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, шумори умумии парвозҳо байни кишварҳo ба 6 хатсайр дар як ҳафта мерасад.
Парвозҳо бо риояи қатъии талаботи беҳдоштиву эпидемиологӣ ва мутобиқи ҷадвали хатсайрҳои дар сомонаҳои ширкатҳо нашршуда анҷом дода мешаванд.
Қаблан зикр гардида буд, ки аз 29 апрели соли 2022 ширкати ҳавопаймоии “Белавиа”-и Беларус ба нақша гирифтааст, ки шумори хатсайрҳои байналмилалиро аз Минск ба шаҳрҳои Нур-Султон ва Алмато зиёд кунад. Зиёд кардани хатсайрҳо бо масири Минск-Нур-Султон аз 5 то 7 парвоз ва самти Минск-Алмато – аз 3 то 7 парвоз пешбинӣ шудааст.