Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ зимни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Хонда Таро дар Токио баррасӣ гардиданд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Ш.Шерализода ҳамтои худро дар бораи рафти омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мегардад, шинос намуд.
Инчунин ҷонибҳо зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» ва таҳкими ҳамкориҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъкид карданд.