Дар шаҳри Ҳисор Маҷмааи баландошёнаи “Hisor Мall” бунёд мешавад.
Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Ҳисор, тарҳи маҷмааи мазкурро ҶДММ “Архиком-К” омода намуда, аз ҷиҳати сохту услуби меъморӣ дар ҷумҳурӣ нодир аст ва бунёди онро ширкати сохтмонии “Себистон 2018” бар дӯш дорад.
Гуфта мешавад, ки ахиран бо ҷараёни сохтмони иншоот раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар шинос гардида, тарҳи онро беҳтарин унвон карду ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастур дод.
Масъулони ширкати сохтмонии “Себистон 2018” зимни вохӯрӣ ба раиси шаҳри Ҳисор гуфтаанд, ки минбаъд барои тасреи корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар аз мутахассисону сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб менамоянд.
Тибқи лоиҳа, иншоот аз як бинои 20-ошёна ва ду бинои 17-ошёна бо 93 хонаи якҳуҷрагӣ, 150 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ иборат хоҳад буд.
Дар ошёнаҳои якуму дуюми бино бунёди марказҳои савдою хидматрасонӣ, аз қабили супермаркетҳо, тарабхонаю қаҳвахона, ошхонаи хӯрокҳои тезтайёр, кинотеатр, бонк, толорҳои бозиҳои кӯдакона ва компютерӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар ошёнаи аввал кошонаи ҳусн, фитнесклубҳои занонаву мардона, ҳавзи шиноварӣ, дигар марказҳои хизматрасонӣ, инчунин дар таҳхонаи бино, дар ду ошёна тавақуфгоҳ барои мошинҳо, ки дар Ҳисор таҷрибаи аввалин ба ҳисоб меравад, сохта мешавад.
Дар марказҳои хидматрасонии ҳудуди иншоот ба сокинони биноҳои мазкур дар пардохти маблағи он 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад.
Манбаъ афзудааст, ки феълан аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии “Усто Набот”, “Металлинвест”, “Евростандарт”, “Дилосо”, “Нури Дилшод”, “Сохтмон Қалъа”, “Ормон 2019”, “Заррин 21” дар 26 мавзеи шаҳри Ҳисор сохтмони беш аз 50 бинои баландошёна бо ҷойгирсозии марказҳои савдою хидматрасонӣ идома дорад.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 35-солагии истиқлол ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.