ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Меҳмон Аловиддин Бозгул бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
2. Раҳимзода Абдусалим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,
Умарзода Ирода Бахтиёр аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби вазъи саломатӣ озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 апрели соли 2022
№376