Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти мутахассис-заминсози ҶДММ “Кошиф-2017” бо гумони 7000 сомонӣ пора талаб намудан хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, номбурда дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров 7000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Бар асоси хабари оҷонсӣ, боздоштшуда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз корафтодаи дигар низ маблағ талаб кардааст.
“Ӯ барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин 5000 сомониро дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафуров тасарруф ва барои эҳтиёҷоти шахсияш сарф намуд, ки дар натиҷаи ин кирдори ғайриқонуниаш ба охирон зарари ҷидии моддӣ расонд”, – афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в” ,”г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 соли зиндон, бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Оҷонсии зидди фасод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раҳбари як ҷамоатеро дар ноҳияи Кӯшониён боздошт карда буд.
Оҷосӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 35 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.