Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд

Тақвияти ҳамкорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ додааст Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон, такмил ва бозомӯзии кормандони Хадамоти гумрук, лоиҳаи Созишнома оид ба ташрифи волонтёрони Ҷопон ба Тоҷикистонро матраҳ намуданд.

Хуршед Каримзода зикр намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар асоси санадҳои ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Созмони ҷаҳонии гумрук ба роҳ монда шудааст.

Хуршед Каримзода роҷеъ ба таҳкими ҳамкории дуҷонибаи фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз моҳи августи соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст, ибрози назар намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон аз соли 1993 то ба имрӯз  29 нафар намояндагони хадамоти гумруки Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии худ дар курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар Ҷопон иштирок намуданд. Инчунин ду нафар кормандони мақомоти гумрук дар курсҳои мазкур дар Ҷопон ба таҳсил фаро  гирифта шуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар соҳаи идоракунии давлатӣ тарбия ёфтаанд.

Зимни татбиқи марҳилаи аввал дар доираи лоиҳаи «Рушди ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон», ки донори он Ҳукумати Ҷопон тавассути JICA мебошад, гузаргоҳи сарҳадии Лангар муваффақона ба истифода дода шуда, таҷдиди гузаргоҳҳои мавҷуда тавассути бунёди модулҳои иловагии назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ (дар гузаргоҳҳои «Тем», «Рузвай» ва «Ишкошим») ва воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва зарурӣ амалӣ гардид.

Ҳоло дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюм тарҳи сохтмони гузаргоҳи нави «Кокул» дар ноҳияи Фархор ба маблағи 1,6 миллион доллари амрикоӣ идома дорад.