Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба андозаи 3,9% гарон шуд.
Тавре Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад, маҳсулоти ғайриғизоӣ 1,5% гарон шудаанд, аммо хидматрасонии пулакӣ барои аҳолӣ ба андозоаи 0,3% арзон шудаст.
Дар феҳрасти озуқавориҳое, ки беш аз ҳама гарон шудаанд, аз ҷумла сабзавот 21,1%, шакар – 10,1%, шир – 9,9%, маҳсулоти нонӣ – 5,5%, моҳӣ – 5% ва меваҷот – 2,5% номбар шудаанд. Аз миёни маҳсулоти ғайриозуқа нархи доруворӣ – 7,6%, сӯзишвории дизелӣ – 8%, бензин – 2,9% боло рафтааст.
Масъулини бахши омор коҳиши нархи хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолиро дар семоҳаи аввали соли равон ба коҳиши нархи гази моеъ ба андозаи 5,9%, хизматрасониҳои бахши нақлиёт – 0,9%, аз ҷумла хизмати нақлиёти ҳавоӣ ва мусофирбарӣ рабт медиҳанд.
Дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна сатҳи таваррум 2,4%-ро ташкил додаст, ки аз ин ба моҳи март 1,7% рост меояд. Дар моҳи январ 0,5% ва феврал 0,2%-ро ташкил додаст. Бо вуҷуд дар маҷмӯъ сатҳи таварруми семоҳа дар Тоҷикистон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 0,9% камтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон нақша гузоштааст, ки сатҳи таваррумро дар ҷамъбасти соли 2022 дар сатҳи 6% бо эҳтимолияти 2% кам ё беш нигоҳ дорад.
Соли 2021 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 8% баробар буд.
Ин дар ҳолест, ки Бонки осиёии рушд мегӯяд, сатҳи таваррум дар соли равон то ба 15% баробар хоҳад шуд. Ин ниҳоди молиявӣ мегӯяд, рушди маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз 9,2%-и соли гузашта то ба 2% дар соли равон поин меравад.
Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2023 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 10% баробар хоҳад шуд.