17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳр мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимии сокинон ва ҷонибдории сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мардуми ватандӯсту соҳибмаърифат ва ободкори шаҳри Исфара дар қатори сокинони дигар минтақаҳои мамлакат барои сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба анҷом расонидаанд, ки қобили таҳсину дастгирӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони шаҳр дар давоми се соли бунёдкориву ободонӣ ба маблағи умумии 610 миллион сомонӣ 501 иншоот бунёду азнавсозӣ гардида, дар онҳо беш аз 1800 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.
Бояд гуфт, ки пешравию ободиҳои то имрӯз ноилшудаи сокинони шаҳри Исфара далели возеҳи ҳисси баланди миллӣ ва азми қавии онҳо дар ҷодаи созандагии Ватани азизамон мебошад.
Дар давоми як соли татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Исфара ҳамагӣ 19 фоизи лоиҳаҳои барои соли 2021 пешбинишуда иҷро гардида, дар 50 фоизи лоиҳаҳои дигар корҳо идома доранд ва дар 31 фоизи лоиҳаҳо кор умуман оғоз нагардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шаҳри Исфара дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 2,2 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ шуда, дар доираи онҳо то имрӯз 330 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Шаҳри Исфара яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар буда, барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нафту газ, истихроҷи ангишт, рушди металлургия, технологияи барқӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти гуногуни саноатӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки барои амалӣ намудани ҳадафи стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар шаҳри Исфара бо имкониятҳои бузурги истеҳсолие, ки дорад, бояд саҳми назаррас дошта бошад.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Исфара 28 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 12 корхонаи коркарди мева ва басту банди маҳсулот бунёд ва ба истифода супорида шудааст.
Барои истифодаи пурраи имкониятҳо дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Исфараро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ, таҷдиди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба иқтидори пурра ба кор даровардани онҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд.
Вобаста ба шароити шиддат гирифтани таҳдидҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳони муосир ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Исфара ҳарчи пурраву самаранок истифода карда шаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки бо вуҷуди он, ки содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара 45 фоизи содироти вилоятро ташкил медиҳад ва солҳои охир тамоюли зиёдшавии содироти он, хусусан, мева ба назар мерасад, имкониятҳои истифоданашудаи шаҳр дар ин самт то ҳол зиёд буда, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти шаҳр ва масъулони соҳа вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироатҳо, бахусус, кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладонагиҳо, меваю сабзавот ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди боз ҳам бештари маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот, пилла ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин, афзоиш додани ҳаҷми содироти он тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи иҷтимоӣ, бахусус соҳаи маориф таъкид шуд, ки тайи даврони истиқлолият дар шаҳри Исфара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 муассисаи нави таълимӣ барои 28 000 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи аҳли маорифро ба масъалаи боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, ҷалб карданд.
Шаҳри бостонии Исфара бо Ҷумҳурии Қирғизистон сарҳади тӯлонӣ дошта, дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягӣ миёни халқҳои ду кишвар саҳми муҳим дорад. Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарифи шаҳри бостонии Исфара минбаъд низ бо садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд ва тамоми саъю талоши худро барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35 — солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нақшаи панҷсолаи рушди саноат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як хонадон равона сохта, ба дастовардҳои боз ҳам бештар муваффақ мегарданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Исфара Марҳамат Яҳёхоҷаева — донишҷӯ, Меҳрулло Мусоев — омӯзгор ва Сабохон Ҳусейнова — собиқадор баромад карда, шукронаи ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳи сартосарӣ ва раванди бесобиқаи рушду пешрафти кишварро намуданд.