Баҳодур Усмонов аз мусобиқаи “Geebee Boxing Tournament-2022” бо медали тилло ба Ватан баргашт

Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов рӯзи 13 апрел аз 40-умин мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Гуннар Барлунд, ки бо тахаллуси GeeBee маъруф аст, бо медали тилло ба Ватан баргашт.  

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Баҳодурро муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Парвиз Собирзода, директори генералии Кумитаи милии олимпӣ Мавзуна Чориева, ҷамъи хешовандон ва дӯстдорони варзиш бо парафшонии парчамҳо ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа зери вазни -63,5кг иштирок карда, муҳорибаро аз даври 1/4 финал бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян оғоз кард ва бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад. Дар рақобати нимфинал ҳарифаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд. Сипас Баҳодур дар рақобати финалӣ бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”