Тими футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ дар гурӯҳи “В” ҷойи дуюмро касб карда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа тирамоҳи соли 2022 дар Қувайт баргузор мегардад.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, Непалро бо ҳисоби (11:1) шикаст дода, бо Афғонистон мусовӣ (4:4) ва аз Ӯзбекистон бо натиҷаи (2:5) шикаст хӯрд ва дар натиҷа чаҳор имтиёз ба даст оварда, роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро ба даст овард.