Тасвиби шартнома: Русия аз ин ба баъд ба муҳоҷирони тоҷик нафақа медиҳад

Имрӯз вакилони парлумони кишвар Шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди пардохти нафақа ба муҳоҷиронро ба тасвиб расониданд. Дар ин бора аз парлумони Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи шартномаи мазкур, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият намудаанд ва худро суғуртаи иҷтимоӣ намудаанд, аз ин ба баъд метавонанд аз мақомоти Тоҷикистон нафақа дарёфт кунанд. Ба ҳамин тартиб, шаҳрвандони Тоҷикистон замони бозгашт аз Русия ва бознишастагӣ ҳуқуқи ба даст овардани нафақаро доранд.

Гуфта мешавад, ки талабот барои ҳарду кишвар як хел мебошад. Шаҳрванде ки нафақа гирифтан мехоҳад, бояд дар кишваре ки фаъолият мекунад, андози иҷтимоӣ пардохта бошад. Чун андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ вобаста аст.

Манбаъ меафзояд, ки шаҳрвандон аз ду кишвар нафақа гирифта метавонанд. Ба шарте, ки агар он нафар дар Тоҷикистон кор карда бошад ва ҳамакнун дар Русия ба сар мебурда бошад.