Кумитаи миллии олимпӣ дар саҳифаи расмиаш хабар дод, ки 16 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон XII Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611530 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соати 09:00-и рӯзи 16-уми апрел оғоз мегардад. Дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва хоҳишмандони ин навъи варзиш ширкат меварзанд.
Ин чорабинӣ аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.
Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои иштирок дар ин мусобиқа, имсол низ варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд. Ҳамчунин имсол наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12 сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км сабқат мекунанд.
Ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446160 сомониро ташкил медиҳад. Беҳтаринҳои 6-гонаи аввал ҳам миёни мардҳо, ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд:
Ҷои 1-ум: 54600 сомонӣ
Ҷои 2-юм: 46800 сомонӣ
Ҷои 3-юм: 39000 сомонӣ
Ҷои 4-ум: 31200 сомонӣ
Ҷои 5-ум: 28080 сомонӣ
Ҷои 6-ум: 23400 сомонӣ.