Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2022 дар гурӯҳи «А» бозиҳои даври дуввум баргузор гардид.
Дар даври дуюми мусобиқот «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аз бошгоҳи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Аз ҳайати бошгоҳи «Истиқлол» голи ягонаро сарвони даста Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд. Дар вохӯрии дигар дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар тими «Ал-Райён»-и Қатар бо ҳисоби 3:0 зафар ёфт.
«Истиқлол» бозии навбатии худро дар сабқати бошгоҳҳои асосии Осиё рӯзи 15 апрел бо садрнишини гурӯҳ «Ал-Ҳилол» анҷом медиҳад.
Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2022
Гурӯҳи «А». Даври 2-юм
«Шарҷа» (АМА) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1).
Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1).
Бернард Анисио, 57 (2:1).
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”