Шурӯъ аз 23 марти соли 2022 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дарёфти раводиди Хорватия ба Маркази дархости раводиди VFS Global дар Душанбе муроҷиат кунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани раводиди ин ба сафорати он дар Нур-Султон, муроҷиат бояд мекарданд. Ҳоло хоҳишмандон метавонанд раводидро аз Душанбе дарёфт кунанд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия 1 апрели соли 1999 барқарор шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 18 феврали 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Афғонистон, Франсия, Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия эътимоднома қабул намуданд.
Пас аз супоридани эътимодномаҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович бардошти худро пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуд: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имконияту зарфияти васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ҳарф заданд. Президенти Тоҷикистон бо хушнудӣ аз сафари соли 2009 ба Хорватия кардаашон ёдовар шуданд, ки ин барои ман мояи хушнудист».