Имрӯз 25 март дар саҳни Кумитаи телевизион ва радиои кишвар базми наврӯзӣ бо иштироки раёсат, ниҳодҳои зертобеъ ва кормандони он баргузор гардид.
Дар чорабинӣ меҳмонон аз Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҷумҳурӣ аз суфраҳои наврӯзии омодакардаи кормандони кумита дидан намуданд.
Ниҳодҳои зертобеи кумита дар ин базм суфраҳои наврӯзӣ ороста карданд, ки анъанаҳои ин ҷашни таърихӣ, аз қабили ҳафтсину ҳафтшинро дарбар мегирифт.
Сипас ба як қатор кормандони фаъолу хидматнишондода унвону ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Дар охир ҳунармандону овозхонҳои маҳбуб табъи ҳозиринро болида намуда, фазои идонаро гарм намуданд.