21 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни 2022 дар Душанбе) Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи 9-умин Форуми ҷаҳонии об, ки то 26 марти соли 2022 дар шаҳри Дакари Ҷумҳурии Сенегал идома меёбад, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Сенегал ҷаноби Макки Салл зимни суханронии худ аҳаммияти натиҷаи 9-умин Форуми ҷаҳонии об ва нақши Конфронси дуюми оби Душанберо, ки 6-9 июни 2022 доир мешавад, дар раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, қайд намуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ дар ҷаласаи вазирон иштирокдоронро дар бораи омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” шинос карда, аҳаммияти онро ҳамчун чорабинии ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об таъкид намуд.
Дар паёмҳои худ Императори Япония Наруҳито, Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн ва роҳбарони кишварҳои иштирокдор нақши Конфронси оби СММ-ро дар баррасии масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ карданд.