Имрӯз 25-уми март дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе мусобиқаи дучархаронии Қаҳрамонии Осиё дар шоҳроҳ оғоз гардид.
Дар рӯзи якуми ин мусобиқа 7 даста миёни мардон иборат аз чор варзишгар дар ҳар даста, аз кишварҳои Қазоқистон, Муғулистон, Эрон, Ӯзбекистон, Индонезия, Ҳиндустон ва Ироқ дар сабқатҳои 24-километра рақобат намуданд.
Тибқи натиҷаи сабқатҳои даставӣ миёни мардон тими мунтахаби Қазоқистон бо нишондоди 26 дақиқаву 48 сонияву 933 то сония сазовори ҷойи аввал шуд. Тими Муғулистон бо натиҷаи дертар аз як дақиқа аз қазоқҳо дар зинаи дуюм ҷой гирифт. Ҷойи сеюм ва медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба велесипедронӣ насиби Ҷумҳурии исломии Эрон гардид.
Дар сабқатҳои даставии 24-километра миёни бонувон, ки бо иштироки 4-даста аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Ветнам ҷараён гирифт, велесипедронони ӯзбекистонӣ бо нишондоди 32 дақиқаву 14 сонияву 911 то сония аввалин шуда ба хатти марра расид. Ба бонувони қазоқ бошад 10 сония ба пирӯзӣ камӣ кард ва ин тим дар зинаи дуввум қарор гирифт. Медалҳои биринҷии сабқатҳои даставии бонувонро бошад чоргонаи эронӣ бо нишондоди 35 дақиқаву 20 сонияву 067 то сония ба даст оварданд.
Мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба велесипедронӣ давоми панҷ рӯз идома меёбад ва варзишгарони тоҷик низ дар сабқатҳои баъдӣ иштирок хоҳанд кард.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”