Имрӯз 17 март Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар меҳмонхонаи «Румӣ ҳотел энд резиденс» (The Rumi Hotel and Residences) ва Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар доданд.
Гуфта мешавад, меҳмонхонаи «Румӣ ҳотел энд резиденс» дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи замонавӣ дар пойтахт беш аз 50 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар меҳмонхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди иншооти муосири хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.
“Ҳадаф аз бунёди меҳмонхонаи 4 ситорадор боз ҳам мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе буда, бо ин восита ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад. Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ дар он ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст”, – навишта шудааст дар хабарномаи сомонаи президент.
Меҳмонхонаи замонавии 4 ситорадор дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад.
Зикр мегардад, масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавӣ 4 ҳазору 176 метри мураббаъро дарбар гирифта, бо назардошти имконоти васеи хидматрасонӣ дар меҳмонхонаи мазкур 3 толори маҷлис барои баргузор намудани ҷамъомаду ҳамоишҳои гуногун мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин Президенти кишвар ва шаҳрдори Душанбе имрӯз дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро ба истифода доданд.
Манбаъ мегӯяд, иншооти мазкур аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо ду забон-русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён бо ба инобат гирифтани малакаи касбӣ тариқи озмун ба кор қабул гардидаанд. Ҳоло дар муассисаи мазкур 32 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.
Масоҳати умумии иншоот 2743 метри мураббаъро ташкил намуда, бино дар масоҳати 1108 метри мураббаъ сохта шудааст.
Гуфта мешавад, муассисаи замонавӣ аз сӯйи директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Закия» Комрон Қодиров бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.