Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия, ки аз 19-ум то 31-уми март баргузор мегардад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон се бозии назоратӣ анҷом медиҳад. Аввалин шарики спарринги дастаи мо тими олимпии Қувайт мебошад. Ин дидор рӯзи 23-юми март баргузор мешавад. Дар бозии дуюм дар Анталия мунтахаби олимпии Тоҷикистон рӯзи 26-уми март бо ҳамсолонашон аз Урдун рақобат мекунанд. Дастаи Мубин Эргашев бозии ниҳоии назоратӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркияро рӯзи 29-уми март бо тими миллии Афғонистон анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон хоҳанд буд.
Бозиҳои санҷишӣ:
23-юми март (чоршанбе)
Тоҷикистон (U-23) – Қувайт (U-23)
26-уми март (шанбе)
Тоҷикистон (U-23) – Урдун (U-23)
29-уми март (сешанбе)
Тоҷикистон (U-23) – Афғонистон (U-23).