Натиҷаи боришоти ахир: 36 тарма дар як шабонарӯз (шарҳи комили КҲФ)

Акс аз КҲФ

Чанд рӯзи охир шоҳиди боронҳои басо пуршиддатем ва ба назар мерасад баҳор аз ом ад-омади худ бо ҳамин боронҳо, ки гоҳо бо раъду барқ низ ҳамроҳ буданд, пайғом медиҳад.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 20 марти соли 2022 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид идома меёбад. Боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола, барф дар баландкӯҳҳо афзоиш ёфта, дамои ҳаво гоҳ гарму гоҳ сард мешавад.

 Боронҳои пуршиддати рӯзи 13-уми марти соли равон сабабгори боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши замин дар баъзе манотиқи кишвар шуданд. Ғайр аз ин шабонарӯзи сипаришуда дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ин боришҳо мунҷар ба лағзиши тарма ва решиши санг шуданд. 

Сатҳи об дар дарёву каналҳои Қаратоғ, Ширкент, Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ боло рафта хатари зери об мондани роҳи мошингард дар рустоҳои Заркамар, Янгибоғ, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов ва деҳаҳои Навбаҳор, Хоҷанақширон ва Саройи ҷамоати деҳоти Регар, деҳаи Деҳваки ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ба вуҷуд омад.

Ғайр аз ин сел 25-30 метр соҳили рости селроҳаро дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов шуст.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳалокати одамон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода сари вақт 12 хонаводаро аз қитъаҳои хатарнок ба маконҳои амн интиқол дод. Дар ҷойи ҳодиса ҳоло Комиссияи ҲФ фаъолият дорад. 

13-уми марти соли 2022, тахминан соати 09:10 дар натиҷаи боришоти шадид роҳи байнишаҳрии деҳаи Муғулони ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд зери лой монд. Барои тоза кардани роҳ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб гардида, соати 10:30 роҳ поккорӣ шуд ва ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.

Бориш боиси баланд шудани сатҳи оби каналҳои Муллошодӣ ва Заркамар гардид, ки дар натича заминҳои киштзори хоҷагиҳои «Зарнисор», ба номи Меликмуродов, И.Ҳамзаев, инчунин роҳҳои деҳоти ба номи А. Ҷомй, Файзбахши ноҳияи Шахринав гардид. Дар ҳудуди деҳаи Дӯстӣ омадани сел ба қитъаи замин ва иншооти ёрирасони як сокини маҳаллӣ қисман хисорот ворид кардааст.

Барои рафъи паёмадҳои офат ҳама қувваву воситаҳои воҳидҳои Системаи ягонаи давлатии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба ҳам оварда шуданд. Техника ва воситаҳои дигар ҷалб карда шуда ва корҳои рафъи ин паёмадҳо идома доранд.

13 март тахминан соати 21:33 сел ба таҳхонаи як бинои сеошёна, воқеъ дар қаламрави шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ даромад. Дар муддати кутоҳ оқибатҳои он бартараф карда шуданд.

Боронҳои пуршиддат боиси зери об мондани таҳхонаҳо дар хонаҳои хусусии №11, 13, 18, 12/1, 12/2,12/3, 12/3А, 12/4, 128 кӯчаи Ойгули маҳалли Аҳрории шаҳри Душанбе, ҳамчунин кӯчаҳои Айнӣ ва Абдуллобекови ноҳияи Синои пойтахти кишвар шуданд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офатҳо наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бо иштирноки хадамоти дахлдори Ҳукумати пойтахт бо ёрии техникаи махсус об аз  ин таҳхонаҳо берун кашида шудаву хатари харобии хонаҳо пешгирӣ шуданд. 

12 марти соли 2022 боронҳои пуршиддат сабагори рониши замин дар деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод шуда, қисман хонаи як истиқоматкунандаи русторо хароб кард. Комиссияи ҳолатҳои фавҷулодда мизони зарари расидаро месанҷад.

Дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳӣ лағзиши тарма ва резиши санг идома дорад. Чунончӣ, 12-уми март дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ ва ноҳияи Лахш шаш ҳодис аи резиши санг ба қайд гирифта шуд. дар сангрезиш ва лағзиши тарма ягон ҳодисаи нохуш, талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст. 

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб 36 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст. 

Аз аввали соли равон то ба имрӯз дар ҳудуди кишвар 257 ҳодисаи лағзиши тарма сабт шудааст. 

Дар айни замон корҳои бартарафсозии паёмадҳои тарма дар роҳҳои Ванҷ-Рушон, Шуғнон-Хоруғ, Рушон-Бартанг, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоби ВМКБ идома дорад ва ин роҳҳо ҳоло бастаанд.