Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади таълимии худро дар Анталия ба анҷом расонид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Рӯзи 22 феврал мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Туркия бозии дӯстона анҷом доданд, ки вохӯрӣ бо ғалабаи футболбозони турк бо натиҷаи 3:1 ба анҷом расид.
Гуфта мешавад, голи ягонаро аз ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Шарифов ба самар расонд.
Ба ин тартиб, дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия дастаи Аҳлиддин Турдиев 5 бозӣ анҷом дод. Аз ин пеш тими ҷавонони мо бо хамсолони “Ворскла”-и Украина бозиро мусовӣ (0:0) анҷом доданд. Дар рақобат бо дастаи “Фремад Амагер”-и Дания бо ҳисоби (2:1) пирӯзӣ ба даст оварданд. Инчунин дастаи эҳтиётии “Чертаново”-и Москваро низ бо ҳисоби (2:0) ва Самара “Криля Советов”-ро бо ҳисоби (3:0) ноком карданд.
Дар маҷмӯъ, дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20), аз 5 бозии анҷом дода, 3 ғалаба, 1 мусовӣ ва 1 бохтро ба қайд гирифтанд.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”