Дар вилояти Хатлон студияи “Хатлонфилм” ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре як манбаъ аз “Тоҷикфилм” хабар дод, “Хатлонфилм” дар заминаи шуъбаҳои истеҳсоли филмҳо ва техникӣ дар назди раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъсис ёфтааст.
Манбаъ мегӯяд, студияи мазкур ба хотири беҳтар намудани фаъолияти эҷодию истеҳсолии муассиса дар музофоти Хатлон ба роҳ монда шуда, қарор аст аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, маконҳои табии сайёҳӣ, расму ойин ва санъати миллӣ, ҷашну маросимҳои аҷдодӣ ва табиат филмҳои ҳунарӣ, мустанад ва лавҳаҳо омода гардад.
Гуфта мешавад, ба гурӯҳи эҷодиву техникии студияи номбурда ҷавонони болаёқату мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд.