Дастоварди нави Темур Раҳимов дар соли 2022: медали биринҷӣ

Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2022 медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин мусобиқа рӯзҳои 17-19 феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор гардид, ки Темур дар вазни (+100кг) рақобати арзанда нишон дод.

Ӯ дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм бар ҷудокори мизбон – Серафим Компаниез оғоз кард ва ӯро ба осонӣ шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ паҳлавони сангинвазни тоҷик Стефан Ҳегиро аз Австрия ноком карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Мутаассифона, дар рақобати ниманиҳоӣ аз ҷудокори маъруфи гурҷӣ – Гурам Тушишвилӣ бо як вазарӣ шикаст хӯрда, муборизаро барои ба даст овардани медали биринҷӣ идома дод.

Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Темур Раҳимов бо Эндӣ Гранда аз Куба мубориза бурд ва пирӯзӣ ба даст овард. Қаблан варзишгари Куба дар бозиҳои олимпии Токио-2020 аз Темур Раҳимов шикаст хӯрда буд. Ин навбат низ ҷудокори тоҷик варзишгари Кубаро ноком кард. Эндӣ аз сабаби камфаъолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан бо се огоҳӣ “шидо” мағлуб эълон шуд.

Ҳамин тавр Темур Раҳимов барандаи медали биринҷии мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2022 гашт.

Натиҷаи ниҳоии мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2022 дар вазни (+100кг):

1. TUSHISHVILI Guram (GEO)

2. SILVA Rafael (BRA)

3. RAKHIMOV Temur (TJK)

3. HEGYI Stephan (AUT)

5. GRANDA Andy (CUB)

5. BUGHADZE Onise (GEO)

7. KHAMMO Yakiv (UKR)

7. ERDENEKHUU Munkhjargal (MGL)

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”