Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Анталия севумин ғалабаи пайдарпайро ба даст овард.
Тими наврасони мо дар чорумин бозии санҷишии худ дар Туркия бар “Криля Советов”-и Самара, ки дар чемпионати наврасони Русия иштирок мекунанд, пирӯз гардиданд.
Вохӯрӣ миёни ин дастаҳо 19-уми феврал дар маҷмааи варзишии “Арслан Зеки Демирчӣ” дар Сиде баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон хотима ёфт. Дар дақиқаи 28-уми бозӣ Абдулфаттоҳ Худойдодзода ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Содиқҷон Қурбонов ба самар расонида, дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 81-ум Меҳроб Асоев голи сеюми ҷавонони то 20-солаи тоҷикро ба дарвораи ҳариф ворид намуд.
Ин чорумин бозии санҷишии дастаи мо дар Туркия буд. Пештар шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаи ҷавонони “Ворскла”-и Украина рақобатро мусовӣ (0:0) карда, бар тими Дания Фремад Амагер (2:1) ғалаба ба даст оварданд. Бозии сеюмашонро низ бо дастаи эҳтиётии Чертановои Москва (2:0) ба пирӯзӣ анҷом доданд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 22-юми феврал дар ҷамъомади тамринии худ дар Анталия бо ҳамсолони худ аз Туркия бозӣ мекунад.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”