Зарурати таъмини волояти қонун дар шаҳри Хоруғ – маркази ВМКБ, раванди таъйин ва аломатгузории хатти марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, сабабҳои суръати кунд ва нархи гарони интернет дар Тоҷикистон ва ҳилаҳои нави ҷавонон барои гурез аз хизмати ҳарбӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба он таваҷҷӯҳ кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 феврал матлабе бо номи “Кӯргиреҳи қазияи Бадахшон” чоп карда навиштааст, ки Бадахшон ба ҷуз раҳоӣ аз ягона монеаи сунъӣ, ки чун захми носур ҷомеаро мебалъад ва он ҷинояткорӣ ном дорад, илоҷи дигар надорад.
Ба навиштаи муаллиф, ҳалқаҳои вобаста ба гурӯҳҳои ҷинояткор бо он шинохте, ки аз вазъи шаҳри Хоруғ дорем, халқро амалан ба гаравгон гирифтаанд. Ба хулосаи муаллиф зарур аст, ки иҷмои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ба вуҷуд биёяд ва ҳама сокинон дар атрофи мақомот муттаҳид шаванд, зеро ҳувияти миллии тоҷикии мардуми Бадахшон иҷозат нахоҳад дод, ки «нухба»-и ин мардуми илму фарҳангдӯст ду-се ҷинояткор бошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 феврал дар мақолае дурнамои соҳаи истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф аз қавли Мирзошариф Исломиддинов, мутахассиси соҳа навиштааст, ки солҳои 80-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон аз наздики 20 чоҳи фаъол дар як сол то 242 ҳазор тонна нафт истихроҷ мешуд. Инчунин шурӯъ аз соли 1970 истеҳсоли гази табиӣ дар конҳои “Конибодом”, “Равот” ва “Ниёзбек” роҳандозӣ шуданд.
Ба гуфаи Мирзошариф Исломиддинов, солҳои 70-ум дар муддати кӯтоҳ иқтидорҳои замонавии газтозакунӣ, лӯлаҳои таҳвили он сохта шуда, аз ин ҳисоб шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва корхонаҳои саноатии вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бо гази табиӣ таъмин шуда, истихроҷи солонаи газ ба 270 миллион метри мукааб мерасид, ки дар рушди иқтисодии минтақа нақши муассир мебозид.
Дар хулоса мутахассиси соҳа Мирзошариф Исломиддинов таъкид доштааст, ки бо назардошти аҳамияти муҳими соҳа дар рушди иқтисоди кишвар зарур аст, ки як барномаи мукаммали барқарор намудани соҳаи истихроҷи нафту газ бо ҷалби мутахассисони варзида таҳия ва қабул шавад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 16 феврал мақолаи таҳлилие бо номи “Арӯсони бе домод” нашр карда, аз зуҳури падидаи нав дар ҷомеаи Тоҷикистон, яъне сафари ҷавондухтарони тоҷик барои издивоҷ ба Русия изҳори нигаронӣ кардааст.
Муаллиф навиштааст, ки ҷавонони артишгурез барои халосӣ аз даъвати ҳарбӣ ё худ “облава” ҳилаи нав ёфта, ҳамакнун номзадони худро барои бастани ақди никоҳ ба Русия даъват мекунанд. Ба иддаои муаллиф, тайи се моҳи охир даҳҳо арӯс зери чодари маҷозӣ даромада, оғози “моҳи асал”-ро дар ҳавопаймо пешвоз гирифта ва ният доранд, ки танҳо баъди соҳиби ду фарзанд шудан ба ватан баргарданд. Дар фарҷом муаллиф савол гузоштааст, ки чаро аз 600 ҳазор ҷавони синни даъватӣ 8-10 ҳазор ҷавонони қобили хизмат пайдо намешавад, ки ба истиллоҳ “облава”-ро доимӣ кардаему арӯсонро бе домод?
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз қавли Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти ҶТ навиштааст, ки хусумат ва бадбинии олимон нисбати якдигар ба раванди ҳимояи унвонҷӯён халал ворид мекунад. Розиқзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод таъкид кардааст, ки бархе олимон аз якдигар қасос мегиранд ва дар роҳи шогирдони ҳамдигар монеагузорӣ мекунанд.Дар баробари ин раиси Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти ҶТ аз ҷавонон низ гила кардааст, ки онҳо роҳи илмро танҳо чун васила барои соҳиби вазифаву шуҳрат шудан интихоб кардаанд.
Ҳафтаномаи русизабони дар шумораи рӯзи 17 феврал мақолае таҳлилие зери унвони “Чун устухон дар гулӯ” чоп карда, аз қавли коршиносон навиштааст, ки агар раванди муайян кардани марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамин суръати кунд идома ёбад, эҳтимоли бурузи низоъҳои хунин дар сарҳад ҳамоно боқӣ мемонад.
Ба навиштаи муаллиф, тайи як соли охир мушоҳида мешавад, ки ҳукуматдорони Қирғизистон талош доранд аз роҳи фишор баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистонро ҳал кунанд, ки намунаи он боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Русия бо дархости Бишкек аст.
Дар баробари ин сиёсатшинос Шералӣ Ризоён ба ин нашрия гуфтааст, мушкили аслӣ он аст, ки дар Қирғизистон маркази ягонаи қабули қарор дар мавриди амалисозии тавофуқоти марзӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Шералӣ Ризоён, масъули ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ барои қабули кадом як қарор манфиатдор нест, зеро ҳамагуна тасмимоти вай дар масъалаҳои сарҳадӣ, аз сӯйи бархе доираҳои сиёсии кишвараш ҳамчун хиёнат арзёбӣ мешавад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки мушкилоти интернети тоҷикӣ дар чист? Муаллиф менависад, мушкили рақами як дар ин замина набудани рақобат дар бозори интернет дар Тоҷикистон аст, ки он дар инҳисори танҳо як ширкат “Тоҷиктелеком” қарор дорад. Яъне ин монополист талаботи рӯзафзуни мардум ба интернети баландсуръат дар Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад. Дар баробари ин мушкилоти монанди андозбандии сангини ширкатҳои хадамоти алоқаи мобилӣ ва норасоии кадрҳои баландихтиссос ба унвони монеа дар таъмини интернети босифат дониста шудааст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 17 феврал дар равзанаи сардабир матлабе бо номи “Ватандорӣ” нашр карда, дар ин замина таъкид кардааст, тоҷике, ки боре дар соҳили кӯли Сарез набудааст, мақбараи Рӯдакиву Туғралро зиёрат накардааст ва ё ёдгориҳои Саразм ва қалъаҳои Ҳисору Муғу Хуҷандро ба чашми сар надидааст, наметавонад доди ватандорӣ ва донистани таъриху фарҳанги миллат кунад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар мақолаи дигаре бо номи “Мактуби хос” савол гузоштааст, ки чаро шаҳрвандони Тоҷикистон барои гузаштан аз гузаргоҳи марзии “Ҷартеппа” ба Ӯзбекистон бояд мактуби расмии вазорати корҳои хориҷиро дошта бошанд? Муаллиф иддао кардааст, ки марзбонон барои гузаштан аз ин гузаргоҳ, пешниҳоди мактуби вазорати хориҷа ва ё пардохти 100 сомонӣ маблағро аз мусофирон талаб мекунанд. Гуфта мешавад, бештари корафтодагон шаҳрвандоне ҳастанд, ки қасди сафар ба Русия аз тариқи кишвари ҳамсоя доранд.
Бо назардошти ин муаллиф аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозад, яъне оё дар воқеъ барои гузаштан аз гузаргоҳи марзии “Ҷартеппа” пешниҳоди мактуби расмӣ аз ин вазорат зарур ҳаст ё не?
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
Радиои “Тоҷикистон”