Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҷумҳури беш аз 78 лоиҳаи давлатии сармоягузор ӣ ба маблағи зиёда аз 42 миллиард сомон ӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар доираи онҳо дар соли 2021 беш аз 5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар ин бора, Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти матбуоти ин Кумита иттилоъ дода, афзуд дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он дар доираи 340 миллион доллар сармояи мустақим ва 370 миллион доллари ИМА-ро дигар намуди сармоя ташкил медиҳад. Сармояи мустақим асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми 210 миллион доллар, Туркия 25 миллион доллар, Швейтсария 21 миллион доллар, Фаронса 19 миллион доллар, Кипр 10 миллион доллар, Британияи Кабир 6 миллион доллар ворид гардидааст.
Барои рушди саноат дар ҷумҳурӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат барои солҳои 2021-2023 таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки то 1 январи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 335 ҳазор адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият мекунанд, ки аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ ба соҳибкорон беш аз 8 миллиард сомонӣ қарзҳо дода шудаанд.
Шоистаи Аҳмад
Радиои “Тоҷикистон”